Бино ба гузориши Порс тудеӣ; Генерал Яҳё Сарӣ бомдоди рӯзи шанбе дар баёнияе эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар чаҳорчӯби кумак ба мардуми мазлум ва ҳимоят аз муқовимати Фаластин, бо мушаки Фаластин 2 фурудгоҳи Бен Гуриён дар минтақаи ишғолшудаи Ҷаффаро ҳадаф қарор доданд. Амалиёти мазкур, ки севумин ҳамлаи мушакӣ ба фурудгоҳи Бен Гурион дар 48 соати гузашта буд, бомуваффақият анҷом ёфт.
Яҳё Сарӣ ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳушдор дод, ки фурудгоҳи Бен Гурион дигар барои ҳамлу нақл бехатар нест ва ин вазъ идома хоҳад кард. Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин эълом кард, ки нерӯҳои ҳавоии Яман бори дигар бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин алайҳи теъдоде аз киштиҳои ҷангии мутааллиқ ба киштии ҳавопаймобари амрикоии "USS Harry Truman" амалиёт анҷом додааст.
Воҳиди бесарнишини нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар посух ба таҷовузи Амрико алайҳи Яман шашумин рӯз пайиҳам киштии ҳавопаймобари "USS Harry Truman"-ро бо чанд ҳавопаймои бесарнишин ҳадаф қарор дод.
Дар пайи таҷовузи ҷадиди режими Исроил дар рӯзи сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба Ғазза, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба хотири ҳимоят аз Фаластин ва дар посух ба таҷовузи Амрико алайҳи Яман бори дигар ҳамлаҳои худ ба сарзаминҳои ишғолшударо аз сар гирифтаанд.
Дар пайи ҳамлаи мушакии Яман дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин садои чанд таркиш шунида шуд
Ба гуфтаи манобеъи саҳюнистӣ, пас аз ҳамлаи мушакии Яман, дар тамоми манотиқи марказии Фаластини ишғолшуда, Байтулмуқаддас ва шаҳракҳои саҳюнистӣ дар рӯди Урдун садои заги ҳушдор садо дод. Аэропорти Бен-Гуриони Тель-Авив баста шуд, хазорон нафар сокинони исроилй ба панохгоххо фирор карданд.
Фармондеҳии ҷабҳаи дохилии Исроил ҳамчунин эълом кард: "Тафтишот барои дарёфти макони зарбаи мушак оғоз шудааст." Радиои Исроил ҳамчунин эътироф кард, ки системаҳои дифоии артиш низ барои рафъи эҳтимолии мушакҳои партобшуда фаъол шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико ва Британия ба ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар рӯзи 15 марти соли 1403 ба ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи Яман, манотиқи маскунӣ ва марокизи ғайринизомии ин кишварро ҳадаф қарор доданд.
Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ноҳияи Сақин дар ғарби Саъдаро бомбаборон карданд, дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолии ин таҷовуз гузорише мунташир нашудааст. Ҳавопаймоҳои Амрико шоми панҷшанбе вилояти Ҳудайда дар ғарби Яманро бомбаборон карданд.
Генерали амрикоӣ тавоноии низомии Яманро эътироф мекунад
Дар ин замина, генерали 4-ситораи амрикоӣ Ҷозеф Футхилл пойдор ва нотавон будани артиши Амрико дар муқобили артиши Яманро эътироф карду гуфт: Яманиҳо манобеъи зиёде доранд ва танҳо ҳадаф гирифтани қудрати низомии онҳо кофӣ нест. Генерали амрикоӣ афзуд, яманиҳо дар ҷанг бо Арабистони Саудӣ тавоноии бузурге пайдо карданд ва шеваи ҳифзи манобеъ ва дороиҳои худро омӯхтанд.
342/
Your Comment